(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Изҳороти ҷомеаи омузгории гимназияи №1 ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористӣ ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро.

Мо ҷомеаи омузгории гимназияи №1 ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳри Хуҷанд изҳороти худро нисбати фаъолияти ғаразноки роҳбарияти созмони террористии ҲНИТ баёнменамоем.

Ҳуҷуми иттилоотӣ ва мафкуравии наҳзатиҳои фирорӣ аз тариқи баъзе расонаю сомонаҳои берунӣ яке аз воситаҳои тавҳин задан ба давлат ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Тавасутии ин навъи технологияи сиёсӣ роҳбарияти созмони террористии ҲНИТ мехоҳад мисли пештара дар муҳити иҷтимоии тоҷикӣ таъсиргузор бошад ин аст, ки аз хориҷ қалам ба дастони расонаҳои наҳзатӣ ба исми мустаор матлаб интишор мекунанд. Ба таври муттасил мушкилоти мавҷударо ба ҳадди ифрот бурда, оташи бадбиниро нисбат ба ҳукумат парокандан мегирад.

Аз берун истода, дар мавриди ватанашон дуруғ мебофанд. Мардуми тоҷик чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гуруҳӣ ва динӣ – маҳзабиро дар ибтидои солҳои 90 асри ХХ хуб дарк кардааст ва аз нушобаи заҳрогини дуруғ, дасиса найранг, ҳиллабозӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИТ бехабарона нуш карда то имруз аз дарди масмумият ранҷ мебарад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ва таҳмини сулҳу суботи пойдор дар кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус, ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, пайваста иқдомҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Мо тоҷикон қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем. Ҳар фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон барои ин ҳалли масъалаи муҳим бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд ва дар тадбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи давлату Ҳукумати мамлакат фаъолона ширкат намоянд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар он солҳо аз лаҳзаҳои тақдирсоз чун сиёсатмадори ҷасуру далерамал карда аз руи хиради азалии халқи точик ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд. Маҳз бо шарофати истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мо тавонистем ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ноил гардид.

Бигзор сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша ҳукмрон ва истиқлолияти миллати фарҳангсолорамон ҷовидону бегазанд бошад!

Аҳли омӯзгорони
Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд