(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Дарҳои кушод»-и қисми низомии 3501Субҳи имрӯз тибқи нақшаи якҷояи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи мароиф ва кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳр рӯзи дарҳои кушод дар қисми ҳарбии РКД ВКД 3501-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҷавонони синни тодаъватӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур наздик 200 нафар ҷавонони синни тодаъватӣ иштирок намуда, аз шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, силоҳи ҷангӣ, ҳаммомхона, ошхона, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ҳарбӣ дидан намуда, аз ҳаёт ва фаъолияти сарбозони қисми низомӣ аз наздик огаҳӣ пайдо намуданд.

Барои иштирокчиён аз ҷониби масъулини баталиёни 2-юми фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбӣ машқҳои тан ба тан ва аз тарафи масъулини баталиёни 3-юми патрулӣ пайраҳадории қисми ҳарбӣ машқҳо бо сипар намоиш дода шуд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҷалб намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва дар ин замина зиёд намудани сафи ҷавонони ихтиёрӣ буда, он дар доираи таҷлили 25-солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд