(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Натиҷагирӣ аз фаъолияти бонувони шаҳри Хуҷанд

Дар  толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии шуъбаи кор ба занон ва оилаи шаҳр баргузор гардид. Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор ба занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд доир ба фаъолияти ниҳодаш дар соли 2017 иттифлоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки «Қариб нисфи аҳолии шаҳрро, яъне 88 ҳазору 800 нафарро занон. Аз ин шумора 21 ҳазору 202 нафарашон қобили меҳнат буда, шумораи умумии занони роҳбарикунанда 3 ҳазору 876 нафар, занони роҳбар  дар мақомот бошад 4 нафар фаъолият доранд. Шумораи заноне, ки дар соҳаи маориф фаъолият мебаранд 3 ҳазору 295 нафарро дар бар мегирад.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти бонувони шаҳри ХуҷандШумораи занони қобили таввалуд 43 ҳазору 31 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 56 нафар,  аз он ҷумла  роҳбари 4 нафар, захираи кадри бошад, аз ҳисоби занону духтарон 12 нафар, шумораи занон дар соҳаи тандурустӣ 4 ҳазору 741 нафар мебошанд, ки аз ин роҳбар 101 нафар,  соҳаи фарҳанг бошад 144 нафар, 1 нафар роҳбар соҳаи камуналӣ, 640 нафар, зан роҳбар 6 нафар соҳаи алоқа, 171 нафар аз он 11 роҳбар, шумораи докторони илм аз ҳисоби занон 9 нафар ва номзадони илм 180 нафар, шумораи донишҷўдухтарон 20 ҳазору 674 нафар, духтарони дар мактабҳои таҳсилоти миёна таҳсил доранд 17 ҳазору 264 нафар то синфи нўҳ 14 ҳазору 849 нафар, шумораи занони хонашин дар соли 2016 8 ҳазору 240 нафар ва дар соли 2017 бошад ба 4 ҳазор расидааст. Имрўзҳо кулли бонувони заҳматпешаи мо сарбаландона аз иҷрои вазифаву масъулияти ба дўши худ гирифтаашон баромада истодаанд”.

Таъкид шуд, ки дар давоми соли 2017 24 маротиба ҷаласаи шўрои занони маҳаллаҳо, оид ба масъалаҳои эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ расму оини мардумӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ халқӣ, эҳтиром, муҳаббату самимияти ҳамдигарии аҳолӣ дар маҳаллаҳо, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, зўроварӣ оила дар оила, ҷинояткории занон ва рушди саноати сабук, эҳёи ҳунарҳои халқӣ баргузор гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар асоси нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд гурўҳи корӣ аз масъулини шуъбаҳои кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд - нозирони минтақавӣ, раиси шурои занони маҳаллаҳо, фаъолзанон, шурои бибиотунҳо дар давоми нўҳ моҳи соли равон амалиётҳои муштарак “Оид ба фарҳангӣ либоспўшии миллӣ” бо занону духтарони сатрпўш корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботию ташвиқотӣ дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаву муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаи томактабии, коллеҷҳо, донишгоҳҳои олӣ, дар 22 маҳаллаҳо, 7- бозорҳо, марказҳои савдо, беморхонаву марказҳои саломатӣ, марказҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳр вохўриву мулоқотҳо ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади идомаи дастгирӣ рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, дар доираи “Соли ҷавонон” ба муносибати 20- солагии Рўзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 марти соли 2017, № 158 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди  фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2017” ба тавсиб расида, 10 грант ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ва 5 грант ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷамъ 15 грант ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор таъсис дода шудааст. Санаи 23 сентябри соли 2017 бахшида ба таҷлили “Рўзи шаҳри Хуҷанд” ба 15 нафар занони ҳунарманду эҷодкори шаҳр Грантҳои Раиси шаҳр бо тантана супорида шуд. Ҳамчунин маҳсулоти дастони занони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд.

Соли ҷорӣ маблағи ин Грант бо ибтикори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба 120 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Сипас, доир ба бурду бохти шуъбаи занон ва оилаи Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Роҳат Умарзода, сармутахасиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Саодат Аминҷонова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Биҳоҷал Раҳимова, собиқадори меҳнат, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, иҷрокунандаи вазифаи сардори САҲШ-и шаҳр Мухбира Дониёрова, сарвари Хонаи ақди никоҳи шаҳр Хуршеда Хоҷазода, Маҳфуза Раҳимова, раиси Шӯрои духтарони шаҳр баромад намуда, фикру андешаҳои хешро иброз доштанд.

Барои ҳамкории судманд ба шуъбаи маорифи шаҳр, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ва Шӯрои бибиотунҳои шаҳр Сипосномаҳои Раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд