(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хонандагон аз вазъи қисмҳои ҳарбӣ огоҳӣ пайдо намудандБо эҳтимоми комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи хонандагон баҳри дӯстдории Ватан ва ҷалби онҳо баҳри хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии комендатураи ҳарбии вилояти Суғд рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд аз вазъи буду боши сарбозон ва шароити хизмати онҳо бохабар гардиданд. Ҳамзамон аз тарзи истифодаи яроқу василаи ҷангӣ бо кӯмаки афсарон бархӯрдор шуданд.

Убайдулло Сафарзода, сарбози қисми ҳарбӣ аз вазъи хизмати ҳарбӣ ба хонандагон маълумот дода, таъкид сохт, ки муддати 10 моҳ мешавад, ки дар ин қисми низомӣ сарбаландона хизмат намуда истодааст. Имрӯз дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

Аз шумо ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки қарзи шаҳрвандии худро ба василаи хизмат ба Қувваҳои мусаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намоед.

Комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд полковник Абдушаҳид Ниёззода, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковникҳои мустаъфӣ Ашӯр Ҷамолов ва Қаюм Атаев ба хонандагон доир ба ҳаёти сарбозӣ, тартиби хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, дарси мардонагию шуҷоат маълумот доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд