(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят як қатор собиқадорони меҳнатро аёдат намудРӯзи 28 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо фаъолияти як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд ба аёдати собиқадорони меҳнат рафт.

Яке аз онҳо собиқадори соҳаи саноат Ҳамро Тоҳирова мебошад, ки малакаю маҳорати худро солҳои зиёд барои рушди ин соҳа бахшидааст. Ҳамро Тоҳирова барои меҳнатҳои софдилонааш ба унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд сазовор гардидааст. Роҳбари вилоят ба собиқадори меҳнат паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, барояш саломатӣ ва давлати пирӣ таманно намуд.

Дар рафти аёдат роҳбари вилоят аз ҳоли Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов хабардор шуд. Номбурда 23 сол дар вазифаи котиби комиҷроияи вилояти Ленинобод кор карда, 35 сол депутати совети қишлоқ, ноҳия ва вилоят буд. Барои фаъолияти пурсамараш бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 13 медалҳои СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду ордени Нишони фахрии СССР, ордени Дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони  Ходими хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон шарафёб гардидааст.

Омӯзгори шинохта Рафоат Раҳимова бошад, 56 соли умри хешро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф кардааст. Ин зани маърифатпарвару бадавлат 24 набераю 13 абера дорад. 7 фарзандаш низ касби омӯзгориро пеша кардаанд ва ин оиларо метавон оилаи омӯзгорон номид. Рафоат Раҳимова фаъолияти омӯзгориашро аз мактаби миёнаи рақами 9 оғоз карда, ҳамзамон дар мактаб -парваришгоҳи маҳаллаи Пахтакор бо ихтисоси муаллими химияю биология ва асосҳои хоҷагии қишлоқ кор кардааст. Рафоат Раҳимова агарчанде ба давлати пирӣ расидааст, ҳанӯз аз касби омӯзгорӣ дил канда наметавонад, имрӯз низ дар МТМУ рақами 19 -и шаҳр тарбияи  фарзандони мардумро барои худ ифтихор медонад ва мегӯяд, ки хизмат ба халқ беҳтарин некӣ аст. Омӯзгори шинохта бо унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон, медали Собиқадори меҳнат, якчанд Итихорномаҳои Вазорати маориф ва унвони Муаллими калон сазовор гардидааст. Дар бораи зиндагинома ва фаъолияти ибратбахши ин зани маърифатомӯз мақолаву очеркҳо дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд, ки аз хизмати содиқонаи ӯ ба халқу Ватан дарак медиҳад.

Роҳбари вилоят барои фаъолияти пурсамараш дар ҷодаи тарбияи инсонҳои комил ба Рафоат Раҳимова изҳори сипос намуда, барояш хотирҷамъиву тансиҳатиро таманно кард.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоеваро аёдат намуд. Сайрам Исоева ҳунарпешаи шинохтаи кишвар буда, хатмкардаи Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошканд мебошад. Дар вазифаҳои ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва саркоргардони ҳамин театр фаъолият бурдааст. Имруз роҳбарии ансамбли халқии “Бибиҳо”-ро бар уҳда дорад. Дар зиёда аз 100 нақш бозӣ карда,  коргардони чанд намоишнома мебошад. Барои заҳматҳояш бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо ва дигар мукофотҳои давлатию соҳави мукофотонида шудааст.

Роҳбари вилоят ба ҳунарманди маъруф бинобар даргузашти фарзандаш, ҳунарпеша Саодат Саломова тасаллият изҳор намуд ва роҳи тайкардаи ӯро дар олами ҳунар шоиста арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд