(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Марҳамат ба ярмаркаи навбатӣ!

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 27 ва 28-уми январи соли 2018 дар ду мавзеъ: назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ, орду равған баргузор мегардад.
Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор то 30 % арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.
Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд