(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Турбу шалғами 30 дирамӣ ва гӯшти 30 сомонӣБо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд субҳи имрӯз дар ду мавзеъи шаҳри Хуҷанд - назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва маҳаллаи 20-уми шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, орду равған, қаннодию ширинӣ бо нархҳои дастрас ба сокинони шаҳр пешниҳод гардид.
Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор аз 30 то 50 фоиз арзон пешниҳоди сокинон намуданд. Масалан нархи як килои турбу шалғам 30 дирам, карам 70 дирам, сабзӣ 70 дирам, гӯшт 30 сомонӣ, пиёз аз 1 сомониву 20 дирам, себ аз 2 сомонӣ, асал аз 20 сомонӣ, картошка 2 сомониву 50 дирам, равған 9 сомонӣ, биринҷ 5 сомонӣ, орд 2 сомониву 70 дирам ва ғайраҳо буд. Мардум аз ин ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд изҳори истиқболу миннатдорӣ намуда, онро ба манфиати умум арзёбӣ намуданд.
Пагоҳ низ дар назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд