(26 овоз, миёна 3.08 аз 5)

Таҳсили ройгон ба курсҳои ронандагӣБо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳр курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагии ройгон барои ҷавонони синни даъватӣ ташкил гардидааст.

Таҳсил то ба охир расидани ҷараёни имтиҳонсупорӣ дар Бозрасиии давлатии автомобилии комилан бепул буда, хамткунандагон соҳиби шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи С мешаванд.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд барои бақайдгирӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд.

Телефон барои маълумот:4 0008, 64013, 46720, 92 7950507

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд