(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Марҳамат ба ярмарка!Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 20 ва 21 январи соли 2018 дар ду мавзеъи шаҳри Хуҷанд - назди Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва маҳаллаи 20-ум, инчунин маркази шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.
Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор то 30 % арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.
Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд