(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Микаэлла Посписилова ба Нигина Азимова диплом ва тӯҳфа супоридМикаэлла Посписилова, муовини сафири Чехия дар Тоҷикистон бо мақсади қадршиносии ғолиби озмуни байналмилалӣ Нигина Азимова, хонандаи мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд, ба дабистони ӯ таҳсилменамуда омада, ба ғолиб диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Микаэлла Посписилова нахуст аз намоиши корҳои эҷодиёти хонандагони мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо намуда, ба ҳунару истеъдоди муҳассилин мароқ зоҳир кард.

Микаэлла Посписилова, муовини сафири Чехия зимни супоридани тӯҳфа ва дипломи озмун таъкид дошт, ки минбаъд низ хонандагони мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд бо офаридаҳои нотакрори худ дар озмунҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро боло мебардоранд.

Маъмурияти мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд аз қадршиносии муҳассили хеш дар озмуни байналмилалӣ аз ҷониби Микаэлла Посписилова, муовини сафири Чехия хушнудӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда низ дар тарбияи чунин соҳибистеъдодҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд