(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд: Барои ҳифзи иҷтимоии эҳтиёҷмандон 1852,2 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтимоиёти мардум дар шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳо амалӣ карда мешавад. Зеро масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии аҳолӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян гардидааст.
Имрӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 6 адад муассисаҳои иҷтимоӣ бо 461 нафар бошандагони доимӣ ва муваққатӣ фаъолият доранд. Дар соли 2017 ба 161 нафар шаҳрвандон, ки ба хизмати хонагӣ ниёз доранд, дар як ҳафта ду маротиба аз ҷониби хизматгузорони соҳавӣ хизмат расонида шуд. Ҳамчунин дар самти таъмини эҳтиёҷмандон бо воситаи техникии тавонбахшӣ ва таъмини онҳо бо аробачаи маъюбӣ 22 нафар бо аробача таъмин карда шуданд.

Барои ҳифзи иҷтимоии эҳтиёҷмандон аз буҷети маҳаллӣ  1852,2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, самаранок истифода бурда шудааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки шумораи маъюбоне, ки дар қайди расмӣ истодаанд, дар ин давра 5012 нафар, аз ҷумла 2150 нафар мардҳо ва 2862 нафар занонро ташкил медиҳад. Шумораи кӯдакони маъюби то 18-сола бошад, 546 нафарро ташкил менамояд.
Вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи иҷтимоӣ “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қабул гардидааст, ки тамоми фаъолияти соҳа дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим амалӣ гардида истодааст.
Аз тарафи роҳбарияти шаҳри Хуҷанд соли 2017 ҷиҳати баланд намудани сатҳи иҷтимоӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбон, ятимони кулл, тарбиятгирандагони хона интернатҳо ва дигар ниёзмандон дар арафаи иду наздик 10000 нафар  аёдат карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд