(12 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Даргузашти собиқ раиси НОБ-и «Норак»

Субҳи имрӯз риштаи умри Акобир Умаров, Шаҳрванди фахрии шаҳрҳои Хуҷанду Норак, собиқ раиси НОБ Норак канда шуд. Ба ин муносибат дар манзили зисти марҳум маросими видоъ сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз хизматҳои марҳум ёдоварӣ намуда, таъкид сохт, ки «Умри бобаракати Акобир Қозихонович бо маънои томаш хизмати холисона ба халқу Ватан буда, бо фазилатҳои инсонию касбиашон миёни ҷомеа, бахусус байни кормандони соҳаи энергетика мақому манзалати хосае пайдо намуда буданд. Акобир Умаров ҳамчун шахси масъулиятшинос бо дониши  пешрафта, одоби хамидаи муошират ва муносибати хайрхоҳонааш нисбати атрофиёну ҳамкасбони хеш ҳамеша соҳиби обрӯю эътибори баланд гардиданд».

Ҷоиз ба зикр аст, ки Акобир Умаров, соли 1936 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1961 факултети энергетикаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар Шабакаҳои барқии Ленинобод оғоз намуда, соли 1966 ҳамчун корманди варзида ба вазифаи раиси Кумитаи навтаъсиси ҷумҳуриявии касабавии кормандони соҳаи энергетика интихоб мекунанд. Ӯ дар ин вазифа то соли 1971 кор карда, дар бунёди босуръати сохтмони Нерӯгоҳи обии барқии Норак саҳми арзанда мегузорад. Худи ҳамон сол сарвари Шабакаҳои барқии шимоли Тоҷикистон таъин гардида, то соли 1973 дар ин вазифаи пурмасъулият меҳнат мекунад. Соли 1973 Акобир Умаров бо фармони Вазири энергетикаи Иттиҳоди Шӯравӣ сарвари НОБ-и Норак, ки аз ҷумлаи калонтарин нерӯгоҳи шӯравӣ маҳсуб мешуд, таъин гардида, дар рушди сохтмони ин нерӯгоҳи бузург ҳиссаи арзанда мегузорад. Барои корҳои шоёнаш норакиҳо соли 1996 ӯро бо унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Норак» мушарраф намуданд. Акобир Қозихонович солҳои 1975-1987 намояндаи халқ дар Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ интихоб шуда буд. Соли 1995 бо дастгирии ӯ Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ташкил меёбад.

Дар маросими видоъ ҳамчунин Турсунбой Раҳматов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, Юлдош Шокиров, собиқадори меҳнат, Тӯра Атамов, директори Шабакаҳои барқи вилояти Суғд ва Муқимҷон Умаров, фарзанди марҳум  аз фазилатҳои неки Акобир Умаров хотироти хешро баён доштанд.

Таъкид гардид, ки номи Акобир Умаров ҳамчун ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, мутахассиси варзида, дар қалбашон ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, сархатиби масҷиди “Шайх Маслиҳаддин” дар ҳузури наздикону пайвандон намози ҷанозаи марҳум Акобир Умаровро ироа намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд