(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Паём: Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат

Дар чаҳорчӯбаи силсилавохӯриҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешви миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеъи мардум мулоқоти навбатӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нишастро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид сохт, ки «Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар оғози Паёми хеш ба таври махсус ба масъалаи ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ руҷуъ намуда, мақоми кишвари моро дар самти изҳори вокунишҳои саривақтӣ ба хатарҳои ҷаҳонӣ ба таври барҷаста бозгӯӣ намуданд, ки ин тадбири муҳими сиёсӣ пеш аз ҳама дар истиқбол аз маҷмӯи падидаҳои барҷаставу пешрафти дунёи имрӯз ва ҳамзамон пешниҳоди ташаббусҳои наҷиб дар ҳалли муаммоҳо ва мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор меравад”. Паём: Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади хеш аз суръатбахшии низоми иқтисодии кишвар дар такя ба Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зикр дошт, ки “Соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки натиҷаи ду соли татбиқи барномаро ҳаматарафа таҳлил карда, минбаъд ҳамаи имкониятҳои мавҷударо барои сифатнок амалӣ гардонидани он сафарбар намояд.Ҳамзамон бо ин, самаранокӣ ва қобилияти рақобати ҳамаи иқтидорҳоро ба таври назаррас баланд бардошта, ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллиро идома диҳад.Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд.Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.
Муъминҷон Шарифзода зимни шарҳи Паёми Пешвои миллат гуфт, ки амнияти озуқаворӣ дар меҳвари баромади Роҳбари Давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буд ва тавре, ки таъкид шуд, ки “Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вале ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст. Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои мукаммал гардонидани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохтории заруриро амалӣ намояд. Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд”.
Ҷӯрабек Исомаддинов устоди ДДҲБСТ андешаҳои хешро доир ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иброз намуда, таъкид дошт, ки шаҳри Хуҷанд аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ном бурда мешавад ва инҷо барои рушди сайёҳҳӣ заминаҳои мусоиди фарҳангиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Ва мутмаъинем, ки барои ҷалби сайёҳҳони дохиливу хориҷӣ дар якҷоягӣ камари ҳиммат баста мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд