(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд: Фаъолияти наздик 10 ҳазор соҳибкорон дар ҷабҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ

Дар шаҳри Хуҷанд тамоми имконоту васила барои фаъолияти соҳибкорӣ муҳайё карда шудааст. Ин буд, ки вазъи соҳибкорӣ дар шаҳр собит кардааст, ки теъдоди онҳо ба 9123 нафар расида, аз онҳо 6559 нафар бо патент ва 2564 нафар бо шаҳадотнома фаъолият дошта, дар соли 2017  1543 нафар бо патент ва 286 нафар бо шаҳодатнома фаъолияти худро оғоз намуданд. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли сипаригашта 6 фисад афзоиш ёфтааст.
Нишондиҳандаи беҳтарин дар ин самт дар он зоҳир мегардад, ки дар соли 2017 тамоюли  барҳамхӯрии соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда  дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 5,2 фоиз ва бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 77 фисад кам гардидааст. Аз миқдори умумии бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, 1866 нафар, ё 20,5 фоизи онҳоро занҳо ташкил дода, 1459 нафар бо патент ва 407 нафар бо шаҳодатнома фаъолият мебаранд. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2017 ҷалби сармояи хориҷӣ 11,3 милллион доллари амрикоӣ ва сармояи ватанӣ 12,4 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 мутаносибан 1,5 ва 6,6 миллион доллари амрикоӣ  афзоиш ёфтааст. Ҷалби сармояи хориҷӣ асосан ба соҳаи саноат равона шуда, сармояи мустақил бошад, бештар дар сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ нигаронида шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд