(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Паём: Рушди соҳаи дорусозии мамлакат

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, ва Гулбаҳор Назирӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Саодат Аминҷонова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода, ва раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ бо ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Паёми навбатии Пешвои миллатро дастури раҳнамоӣ барои кулли соҳаҳо арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки омӯзиши нуктаҳои ин барномаи амал метавонад, дастовардҳоро афзун намояд. Абдуҳалим Ғаффоров зимни баромади хеш аз хатарҳои ҷаҳони муосир ёдовар шуда, таъкид намуд, ки танҳо ҳушёрии сиёсӣ, бетараф набудан ба рӯйдоҳои сиёсӣ, иттифоқ будану дӯст доштани Ватан метавонад миллатро атрофии ғояҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат муттаҳид созад. Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ фаротар аз гирдобҳои сиёсӣ бояд мушкилии аз он ҳам сангинтар ҳифзу нигаҳдошти неъмати бебаҳои табиат- обро бояд андешад, зеро ҳамарӯза аз норасогии оби ошомиданӣ дар миқёси ҷаҳон 40 ҳазор нафар мефавтанд. Номбурда аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумат дар мавриди маориф ва тандурустӣ ёдовар шуда, гуфт, ки бунёди беш аз ҳазор муассисаҳои таҳсилоти миёна, ба меъёри ҷаҳонӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои тиббӣ аз дастовардҳои замони истиқлол маҳсуб мешавад.
Дар баромади Гулбаҳор Назирӣ қайд шуд, ки мамлакат дар остонаи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ буда, мамлакат аз давлатсозӣ ба давлатдории воқеӣ гузаштааст. Сол то сол беҳбудӣ ёфтани дастрасии сокинон ба нерӯи барқ, равуои осони шаҳрвандон ба гушаҳои диёр тавассути роҳҳои обод, баланд шудани сатҳи некӯаҳволии халқ боис шуда,  ки имрӯз мамлакат рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳад. Дастгирии соҳибкорон ва эълон шудани мараторий,  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ояндаи наздик сатҳи иқтисодии моро ба маротиб боло мебардорад. Дар ин росто бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти ватанӣ барои боз ҳам хубтар содирот шудани ашёи пурраи ватанӣ мусоидат хоҳад кард.
Саодат Аминҷонова дар баромади худ аз рушди соҳаи дорусозии кишвар, ки мавзӯи меҳварии  Паём маҳсуб мешавад, ёдовар шуда, гуфт, ки воқеан ҳам бояд соҳа рушд ёбад, зеро доруҳои пастсифате, ки имрӯз ворид мешаванд, барои генофонди миллаи хатари ҷиддие дар пай хоҳад дошт.
Наим Маликисломӣ дар баромади хеш қайд кард, ки баромади пурмуҳтавои Сарвари давлат натиҷаи дидаю мушоҳидаҳои худи Сарвари давлат маҳсуб шуда,  бояд ҳар як дастури роҳнамои миллат дар ҷомеа амалӣ гарданд. Махсусан зикри воридоти пастсифати гӯшти мурғ, ки ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ дорад, бояд аз байн бардошта шавад ва дар ин ҷода таъсиси коргоҳҳои дохилии  паррандапарварӣ дар ояндаи наздик талаботро ба маҳсулоти худӣ пурра таъмин месозад.
Муовини директор оид ба таълими Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  Хуршед Мақсудов ва устоди ҳамин донишкада Акбар Акбаров ва дар баромадҳои хеш қайд карданд, ки оид ба иҷрои бандҳои Паём нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, давоми сол баҳри амалигашти он ҷомеаи меҳнатии донишкада кӯшиш хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд