(9 овоз, миёна 3.89 аз 5)

Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд таъин гардидИмрӯз, 13 январ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят баргузор гардид.
Тавре зимни маросими муаррифӣ таъкид гардид, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ бинобар расидан ба синни нафақа аз вазифаи Раиси вилояти Суғд озод карда шуда, бо Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси муҳандис-химик-технолог ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи корхонаи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори корхонаи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд