(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Брифинги Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ташкили як брифинг Идораи шабакаҳои барқии шаҳр доир ба воқеъияти истифодаи нерӯйи барқ дар моҳи декабри соли 2017 аз тарафи муштариён бо иштироки васеъи намояндагони Васоити ахбори омма  муфассал шарҳ дода шуд.
Рустам Пулотов, сардори Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд назди рӯзноманигорон баромада намуда, доир ба ҳолати истифодаи нерӯйи барқ аз ҷониби муштариён маълумоти муфассал дода, аз ҷумла зикр дошт, ки яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани ҳар гуна овозаву нофаҳмиҳо байни истифодабарандагони қувваи барқ ин пеш аз ҳама зиёд истифодабарии нерӯйи барқ аз тарафи аҳолӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ва ҳамчунин сард шудани ҳарорати ҳаво дар моҳи декабри соли 2017 мебошад. Сардори Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Рустам Пӯлотов афзуд, ки агар аҳолии шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2016 ба маблағи  6 миллиону 887 ҳазор сомонӣ, 47 миллион клв. соат барқ сарф карда бошад, ин нишондод дар моҳи декабри соли 2017 ба маблағи 8 миллиону 903 ҳазор сомонӣ,  52 миллиону клв. соат қувваи барқро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин 15 фисад афзоиши нархи қувваи барқ низ аз моҳи октябри соли 2017 низ амалӣ карда шудааст.
Дар мавриди дақиқкории фаъолияти ҳисобкунанкҳои барқӣ Рустам Пӯлотов қайд кард, ки маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикорот ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд инкишоф ёфта, бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ, яъне худкор дар соҳаи энергетика роҳандозӣ карда шуд ва  он бомуваффақият анҷом ёфт. Ин лоиҳа, ки имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ  шуда, талафоти неруйи барқ паст ва шиддатнокии беҳтар карда шуд. 63 000 ҳисобкунаки барқӣ ба манзили муштариён насб карда шуд. Низоми биллингӣ аз муштариён тақозо менамояд, ки бояд дар мавриди оқилонаву сарфакорона истифодабарии нерӯйи барқ мардум ҳушёр бошанд.
Дахолати инсон ба системаи биллингӣ, хусусан ба ҳисобкунанкҳои барқ имконнопазир аст. Вале ҳолатҳои аз тарафи шаҳрвандон алоҳида ғайриқонунӣ пайваст намудани хатти ҳисобкунаки ашхоси дигар низ ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳолатҳо дар натиҷа муроҷиати шаҳрвандон ошкор карда шуданд.
Ба Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз санаи 8 январ то 11 январи соли 2018 беш аз 500 нафар муштариёни шабакаҳои барқи оид  ба афзудани қимати истифодабарри неруйи барқ муроҷиат намуданд. 216 адад аризаҳо баррасӣ ва дар ин бора санадҳои дахлдор тартиб дода шудааст. Шаҳрвандон аз муроҷиати хеш қонеъ гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки баҳри саривақт баррасӣ  намудани муроҷиати шаҳрвандон имрӯз аз ҳисоби  мутахассисони Шабакаҳои барқии шаҳр гуруҳи корӣ таъсис дода шуд. Ҳангоми  баррасии масъала  ба манзили муроҷиаткунандагон ташриф ва кори ҳисобкунакҳо  бо таҷҳизоти махсуси соҳа тафтиш  карда шуда аз руи  истифодаи таҷҳизоти барқӣ дар манзилҳо истифодаи воқеии қувваи барқ  ҳисобӣ гардид.
Мусаллам аст, ки  аристон  -1,5клв. соат, печи гармидиҳӣ – 2,5клв. соат, кандитсионер -2,5кл. соат, телевизиор -0,2 клв.соат ва лампаҳои рӯшноидиҳанда – 0,3 клв.соат барқ масраф мешавад, ки дар маҷмуъ ба 7 клв. соат қувваи барқ баробар мегардад. Агар ин шумораро ба соати истифода баъдан ба рузи истифода зам намоем, қувваи барқи истифодашудаи моҳона муайян мегардад.
7клв *10соат*30 рӯз*0,1685=353,85 сомонӣ баробар мегардад. (Имруз як киловатт қувваи барқ аз 1 октябри соли 2017 0.1685 дирам муайян шудааст). Баробари овардани ин мисолҳо танҳо дар истифодаи неруи барқ бояд сарфакориро риоя намуд, зеро ҳисобкунакҳои  рақамии нав ҳар як киловати барқи истифодашавандаро дақиқ муайян менамояд. Системаи биллингӣ муттамарказонидашуда  буда,  дар ҳисобу китоби  он  ягон шахс наметавонад дахолат кунад.
Дар ҷараёни нишатси матбуотӣ рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб (радиои «Озодӣ»), Афзал Босолиев («ШТР «Азия»), Мирзоаъзам Мақсудов (рӯзномаи «Садои мардум»), Мавлуда Рофиева (ОИ «Азияплюс»), Алишер Охунов (ОИ «Суғднюс»), Қудратулло Раҳматуллоев (ШТР «Танин») ва дигарон ба саволҳои худ муроҷиат намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар ҷараёни брифинг ҳамчунин Фарҳод Бобоев, менеҷери гуруҳи татбиқи лоиҳаи «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд