(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тӯҳфаҳои солинавии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба тарбиягирандагони мактаб-интернати ёрирасони шаҳри ХуҷандСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард. Зимни боздид Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳамроҳии  Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нахуст аз намоиши дастранҷи тарбиятгирандагони мактаб-интернат ошноӣ пайдо намуданд. Раиси вилоят ба маҳсули ҳунари тарбиятгирандагони хона-интернат мароқ зоҳир намуда, дастур дод, ки бо мақсади ҳавасманднамоии хонандагон барои ба бозори фурӯш баровардани маҳсули эҷоди эшон  мусоидат карда шавад.
Сипас дар толори калони хона-интернат Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  тарбиятгирандагонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, барояшон хониши аълою интизоми намунавӣ орзумандӣ кард. Гулнора Обидова, сарвари мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд миннатдории кулли муҳассилини муассисаро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ расонд, ки зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд ва маҳз бо пуштибонӣ ва амали хайрхоҳонаи эшон муассиса дорои тамоми имконот ва шароити арзанда қарор гирифтааст. Ҷавобан ба ин ғамхорӣ ҷомеаи меҳнатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо меҳнати фидокорона ва тарбияи ҷавонони бо нангу номус ва садоқатпеша баҳри ободии Ватани азизамон саҳмгузорӣ намоянд.
Сипас ба 227 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати ёррасони шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд либосҳои гарми зимистона тақдим карда шуд.
Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба кулли мураббиёни хона интернат низ кӯмаки якдафъаина ба маблағи 200 сомонӣ дастрас карда шуд.
Барномаи фарҳангӣ-фароғатии идона табъи муҳассилинро шод намуд. Дастархони идона ба шодиву сурури наврасон    кайфияти нав зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд