(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба дастаи “Хуҷанд” медалҳои нуқра ва маблағҳои пулӣ супорида шудДирӯз дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон - 2017 ба дастаи “Хуҷанд” доир шуд.
Рустам Раҳматзода, муовини якуми Раиси вилояти Суғд ҳайати дастаи “Хуҷанд”-ро бо пирӯзиашон дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид дошт, ки соли равон дастаи “Хуҷанд” ҳамзамон Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард, ки ин дастоварди беҳтарин аст. Рустам Раҳматзода аз номи роҳбарияти вилояти Суғд ба ҳайати даста сипосномаву мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро дар ҳаҷми наздик 37 000 сомонӣ тақдим намуд.
Ҳайати дастаи “Хуҷанд”-ро ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо дастовардашон дар мавсими соли 2017 табрик намуда, ба онҳо 16 ҳазору 200 сомонӣ маблағи пулӣ супорид. Муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов низ ҳайати дастаи “Хуҷанд”-ро таҳният гуфт ва ба дастаи “Хуҷанд” барои соҳиби медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон шуданаш аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон 261 000 сомонӣ тақдим гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд