(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Филиппин Родриго Роа Дутерте барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари офатҳои табиӣ ва техногении ахир дар кишвари Филиппин боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Филиппин ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда,  барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд