(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ омили муҳими рушди кишвар

Бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва кормандони соҳаи барқ дар идораи Шабакаҳои барқии шаҳр ба муносибати Рӯзи энергетика ҷамъомад баргузор гардид. Нахуст филми мустанад роҷеъ ба таърихи рушди энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Мудири шӯъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рӯзи энергетика ба самъи ҳозирин расонд. Таъкид гардид, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии мо ва манбаъҳои таҷдидшавандаи он омили пуриқтидори рушди “иқтисоди сабз” ва аз лиҳози экологӣ тоза, пешрафти саноат, гарави таъмини амнияти энергетикӣ ва тараққиёти устувори иқтисодии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ гардида истодааст. Рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барқчиёнро бо иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид сохт, ки маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикорот ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд инкишоф ёфта, бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ карда шуд ва  он бо муваққият анҷом ёфт. Ин лоиҳа имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ  шуда, талафоти неруйи барқ паст ва шиддатнокии беҳтар карда шуд. Ин иқдом пеш аз ҳама аз ҷониби муштариён истиқболи гарм пайдо намуд ва истифодаю пардохти барқ низ оқилонаву мақсаднок амалӣ карда шуда истодааст. Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин намунаи ибрат ва ҷойгоҳи мубодилаи таҷриба ба тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гардидааст.
Сипас, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва раиси Идораи шабакаҳои барқии шаҳр Рустам Пӯлотов низ ҳозиринро бо Рӯзи энергетика таҳният гуфтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор машъалафрӯзони арсаи меҳнат тӯҳфа ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд