(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Спартакиадаи сарбозони қисми низомӣ

Аз санаи 11 декабр то 15 декабри соли 2017 спартакиадаи ҳарбӣ-варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, варзнбардорӣ, кашидани вазн, бандкашӣ, давидан ба масофаи 100 метр ва ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои автомати Калашников ва ғайра байни сарбозони ҷузъу томҳои қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар спартакиада зиёда аз 140 сарбозон фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа ҷои якум насиби Баталиони 1-ум гардида, ҷои дуюмро ротаи Техникаи таъминоти техникии ҷангӣ ва мақоми сеюмро Баталиони 2 –ба даст оварданд. Дар ҷамъбасти спартакиадаи мазкур, ки дар қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд, сардори бахши ҷавононва варзиши Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатаии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва  қумондони қисми ҳарбии 3501 полковник Насриддин Умарзода иштирок ва баромад намуданд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби сарбозон ва афсарон намоиши машқҳои тан ба тан, пайраҳадории қисми ҳарбиро бо фаъолнокӣ ва маҳорати баланди касбӣ ба маърази тамошо гузоштанд. Дар охир ғолибони спартакиада бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории спартакиада баланд бардоштани малакаи варзишии сарбозон, ҷалби васеи онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни сарбозони қисми ҳарбӣ ва дар ин замина пешгирии онҳо аз ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд