(25 овоз, миёна 3.04 аз 5)

Барномаҳои Солинавии шаҳри Хуҷанд

Дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи маркази савдои «Авасто» шуруъ аз 15 декабри соли 2017 арчаи Соли навӣ ба андозаи 18 метр қомат ба пуррагӣ афрохта шуда ва аз худи ҳамон рӯз чорабиниҳои фарҳангӣ оғоз мегардад.
То санаи 22 декабри соли равон аз тарафи  мактаб ва литсейҳои шаҳри Хуҷанд фестивал –озмуни барномаи солинавӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад. Аз санаҳои 22-24 декабри соли равон коллеҷҳои санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ ва омӯзгории шаҳри Хуҷанд ва санаҳои 25-28 ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ДИСДДТТ, ДПДТТ ба номи Муҳаммад Осимӣ ва ДДҲБСТ дар фестивал-озмуни барномаи солинавӣ, ки дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳо ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд сурат мегирад баромад менамоянд. Дар рӯзҳои номбурда, яъне баъди баргузории фестивал-озмун ҳамзамон муассисаҳои фарҳангии шаҳр, аз ҷумла театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанг ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров, Муасссиаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён» ансамбли фолклории «Фалак», ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», театри давлатии лӯхтаки вилояти Суғд то соати 16:00 барномаҳои консертии солинавии хешро ба намоиш мегузоранд.
Ҳамчунин дар назди майдони «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Маҷмааи «Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд низ Арчаи солинавӣ қомат афрохта, дар ин макон низ силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дастовардҳои муҳими шаҳри Хуҷанд дар як барномаи махсуси солинавӣ низ сабт ва тариқи телевизионҳо намоиш дода мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд