(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt9 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Аммон пойтахти Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳзода Алия, ки ба хотири ташрифи Сарвари давлати Тоҷикистон бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Шоҳигарии Ҳошимии Урдун самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд