(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба боварии мардум сазовор бошемБа муносибати 23 солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ширкати собиқадорон ва фаъолони ҳизб  дар толори маҷлисгоҳи кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ баргузор гардид.
Раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ чорабинро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар баромадаш аз ҷумла зикр дошт, ки  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон замоне арзи вуҷуд карда буд, ки дар кишварамон нобасомониҳо идома дошту мардум аз ҳизбсозию ҳизббозӣ дилозурда шуда буданд. Зеро баъди ба даст овардани истиқлолияти кишвар як гурӯҳ аз мансабхоҳони миллаткуш мехостанд давлатамонро зери даст гирифта, онро чун як бозичаи саридастӣ идора кунанд. Ана дар ҳамин авзо ҳизби мо чун раҳнамо вориди сиёсат шуда, аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ мавқеи устувори сиёсиро дар ҷодаи ҳимояи манфиатҳои халқ ба даст гирифт. Ба боварии мардум сазовор бошем Он дар такя ба ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар бо пиёда намудани Барномаҳои мукаммали худ дар ҳама соҳаҳо муваффақ гардид.  Омили асосии дар як мудати кӯтоҳ дар ҷомеа нуфуз пайдо кардан ва ба пешрафт ноил гаштани ҳизби мо дар он аст, ки он манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаро ҳимоя мекунад ва барои бароварда сохтани ормонҳои онҳо талош меварзад. Таъсиру нуфузи ҳизб дар байни мардум дар он ба зуҳур меояд, ки онҳо хостаҳои худро ба вакилонашон дар зинаҳои гуногуни мақомоти интихобӣ дилпурона пешниҳод мекунанд. Вакилони ҳизби мо дар маҷлисҳои намояндагон ва маҳаллӣ ҷиҳати таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ нақши арзандаи худро мегузоранд.
Наими Маликисломӣ афзуд, ки агар дар солҳои аввали ташкилёбии ҳизб шумораи аъзоён 300 нафар дар 9 адад ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шуда бошанд. Пас имрӯз ин рақам ба 16 ҳазор 184 нафар мерасанд, ки онҳо дар 217 ташкилотҳои ибтидоӣ ва 5 кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ сарҷамъ омадаанд, ки ин яке аз баландтарин нишондод дар миқёси вилоят мебошад. Мо аз он ифтихор дорем, ки имрӯз дар сафи ҳизбамон 47 докторони илм, 240 номзадҳои илм, шумораи зиёди коркунони соҳаҳои маорифу тандурустӣ фаъолияти босамар доранд.
Доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев дар бораи таърихи таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва нақши он дар ҷомеа ҳарф зада, зикр дошт, ки идеяи таъсисёбии ҳизб бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 аз ҷониби ходимони сиёсӣ ва роҳбарони фаъоли онвақта Абдулмаҷид Достиев, Давлаталӣ Давлатов ба амал омад ва ин ҳизб бо номи Ҳизби халқии Тоҷикистон ба арсаи сиёсии кишвар ворид шуд. Ва аввалин ташкилотҳои худро дар маркази шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо таъсис дод. Дар ин миён таъсиси нашрияи «Минбари халқ» бешубҳа барои ташвиқу тарғиби ғояҳои ҳизб нақши густурда бозид.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гулчеҳра Аҳророва дар бораи нақши занони фаъоли ҳизбӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар ҳарф зада, таъкид дошт, ки имрӯз дар парлумони кишвар шумораи зиёди занони аъзои ҲХДТ фаъолияти вакилии худро пеш бурда, гузашта аз ин занони собитқадами ҳизб имрӯз раисони шаҳру навоҳиро ба зима доранд. Занон бо баргузории маҳфилу чорабиниҳо умдатарин мушкилоти ҷомеаро дар ҳамбастагӣ бо аъзоён матраҳ мекунанд. Саҳми занони ҳизбии шаҳри Хуҷанд дар пойдории оилаҳо, коҳиш додани зӯроварии хушунат, баланд бардоштани ифтихории миллии сокинон хеле калон аст.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсан аз номи Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода кулли ҳизбиёнро бо солгарди таъсисёбии хизб табрик намуда, дар бораи ҳамкории судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон сухан ронд. Ӯ баён дошт, ки мо дар симои ҳизбиёни шаҳр такягоҳи боэътимоди худро мебинем. Саҳми фаъолони ҳизб дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии шаҳр хеле калон аст.
Дар фарҷоми чорабинӣ Наим Маликисломӣ аз вакилону раисони ташкилотҳои ибтидоӣ даъват ба амал овард, ки бо мардум боз ҳам наздиктар бошанд, дар ҳалли мушкиливу муаммоҳои онҳо ёрмандӣ намоянд. Зеро обрӯ ва манзалати ҳизб аз боварию эътимоди халқ сарчашма мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд