(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ниҳолшинонӣ дар Мактаби Президентии шаҳри ХуҷандБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонию сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва муассисаву ташкилотҳо хонандагону омӯзгорони мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд ба мавсими ниҳолшинонӣ оғоз бахшиданд.
Толибилмону устодони муассисаи таълимии мазкур зиёда аз 40 адад дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида, барои ҳусни дигар зам намудан ба мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд ҳиссагузорӣ намуданд. Интизор меравад, ки шинонидани чунин навъи ниҳолҳо дар моҳи феврали соли 2018 идома хоҳад ёфт. Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми моҳи гузашта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд, дар остонаи ҷашни 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи нави таълимиро ифтитоҳ намуда, ба он мақоми мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат доданд.
Муассисаи таълимии мазкур барои 2600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи муосир ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2006 оғоз ёфта, барои сохтмони он бештар аз 25 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчӣ Идораи сохтмонии рақами 1 ва рақами 5 мебошанд. Лоиҳаи муассиса аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғдлоиҳакаш" таҳия гардидааст. Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар замин сохта шуда, бо системаи гармидиҳӣ, ки тариқи буғхонаи муосир фаъолият мекунад, таъмин аст.
Таълимгоҳ аз 4 бино иборат буда, дорои 33 синфхонаи таълимист. Ҳамзамон муассиса дорои ошхона бо 200 ҷойи нишаст, толори маҷлисӣ бо 200 ҷой, устохонаи таълимӣ, синфхонаҳои инкишофи кӯдакон, утоқҳо барои гузаронидани маҳфилҳо буда, толору майдончаи варзишӣ ҳам бо назардошти меъёрҳои замони муосир сохта шудаанд. Ҳамзамон синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои химия, биология ва компютер пешбинӣ шуда, дар утоқҳои таълимӣ 10 адад тахтаи электронӣ насб гардидааст.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат хонандагонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз ин шароити муосиру замонавӣ илм омӯхта, дар ҷомеа пешқадам бошанд. Таълимгирандагон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои чунин таълимгоҳи муҷаҳҳазу боҳашамат миннатдорӣ баён намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд