(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аз хушунат даст кашемДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар чаҳорчӯбаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» мулоқоти фаъолзанон, роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» бо мудирони шуъба ва воҳидҳои сохтории МИҲД-и шаҳр сурат гирифт.
Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр ҳадафи мулоқотро дар самти баланд бардоштани маърифати мардон нисбат ба занон, пешгирии хушунати хоноводагӣ, ташаккул додани муносибати эҳтиромона дар ҷамъият ва мушарраф гардидан ба баробарии гендерӣ, решакан намудани ақидаҳои хурофотӣ ва қолабҳои шахшудаи мардум ва ғайраҳо унвон намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки зимни баррасии масъалаҳои мазкур фаъолнокӣ зоҳир намоянд. Сипас, Заррина Абдукодирова, директории ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор», Мастура Темурова, фаъолзан, Малика Мирзобаҳодурова, директории Ассотсиатсияи миллии соҳибкории занон ва Мӯҳсин Миркамолов мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баромад карда, андешаҳои хешро роҷеъ ба муносибати зану шавҳар ва раванди ҷаҳонишавию таъсири он баён доштанд.
Нотиқон зикр карданд, ки новобаста аз давру замон мо набояд аз урфу одат ва анъанаҳои миллии хеш, яъне эҳтиром гузоштан ба якдигар фаромӯш насозем ва аз хушунат ва зӯроварӣ даст кашем, зеро он ба манфиати оилаи мо нест. Таъсири манфӣ ба ояндаи фарзандон мерасонад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд