(16 овоз, миёна 3.06 аз 5)

Алексей Фролов : «Шаҳри ором, ороста ва пуртабассум»

Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Агентии федеролии Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ "Россотрудничество" Алексей Фролов  дар чаҳорчӯбаи сафараш ба шаҳри Хуҷанд аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва фароғатии ин шаҳри бостонӣ боздид намуда, таасуроти неки хешро қабл аз намоиши  барномаи ситораҳои Филармонияи шаҳри Санк-Петербурги Федератсияи Русия дар «Кохи Рӯдакӣ» баён дошт.
Алексей Фролов  гуфт, ки «Осорхонаи таърихӣ, Боғи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааи «Истиқлол», гулҳои зебою пуртароват ва аз ҳама муҳимаш мардуми дидадаро, кушодачеҳра, зебою барнои шаҳри Хуҷанд маро ба ваҷд овард. Ман, ки бори аввал ба ин шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф меорам, чеҳраи саршор аз табассуми пиру барнои сокинони шаҳр, хиёбонҳои тозаву ороста, мардуми орому пуртамкин, кӯчаҳои обод, хонаҳои тоза, хӯрокҳои болаззатро дидаву чашидам ва фикру зикрамро нисбати миллати тоҷик дигар намудам. Ба қадимию ориёӣ будани ин халқи кӯҳан бори дигар итминон ҳосил кардам. Шаҳри Хуҷанд барои ман дуёни наверо боз намуд. Шумо хуҷандиён фахр намоед, ки дар чунин шаҳри зебою ором зиндагӣ ба сар мебаред».
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи бинои Маркази илм ва фарҳанги Русия бо иштироки сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Фролов, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Агентии федеролии Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ "Россотрудничество" Алексей Фролов, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд ва меҳмонон баргузор гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд