(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Навоафрӯзи Аҷам

Дар толори факултети санъат бахшида ба ҷашни 75-солагии мавлуд ва 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор Ҷӯрабек Муродов конфронси илмӣ- ҷумҳуриявӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, устодон ва донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ҳамчунин аҳли илму адаб таҳти унвони «Навоафрӯзи Аҷам» доир гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суханронии худ, доир  ба фаъолияти ҳунарии устод Ҷӯрабек Муродов фикру мулоҳизаҳои хешро баён карда, устоди санъати тоҷикро яке аз шахсиятҳои беназирӣ соҳаи мусиқии Осиёи Марказӣ ва берун аз он, ки миллати тоҷикро муаррифӣ намудаанд, боиси саодатмандӣ арзёбӣ кард. Ректори донишгоҳ, профессор Ҷ.Ҷӯразода баромад карда, таъкид кард, ки устод Ҷӯрабек Муродов дастпарвари Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, имрӯз дар қатори дигар устодони санъат ба монанди Ҷӯрабек Набиев, Ӯрунбек Хамдамов, Муродбек Насриддиннов, Тӯлқин Тоҷибоев, Абдурахим Шерматов, Саидқодир Ёқубов, Каромат Хоҷиева, Тошбой ва Шоҳсалим Муҳаббатовҳо ва дигарон, ки ин донишгоҳро дар солҳои гуногун хатм намуда, соҳаи санъатро фаъолияти минбаъдаи худ қарор дода, дар ин самт ба қуллаҳои баланди эҷодӣ расидаанд, муаррифгар ва боиси ифтихори донишгоҳ маҳсуб меёбанд.
Сипас, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов дар мавриди шахсияти ҳунарии устод Ҷӯрабев Муродов ва инчунин пайванди фалсафии сурудҳои ин чеҳраи ҳунарӣ бо ашъори Мирзо Турсунзода изҳори назар кард. Тавре таъкид шуд, устод Ҷӯрабек Муродов ба ашъори Мирзо Турсунзода ба сифати як оинаи пурҷилои  ҳунар иртибот пайдо карда, бо ин роҳ санъати волои халқи хешро ба саҳнаи ҷаҳон баровард.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона камолоти эҷодии устод Ҷӯрабек Муродовро камолоти ҳунарии санъати тоҷик унвон карда, ҳастии устод Ҷӯрабек Муродовро дар шеъру мусиқӣ ҳастии ҳунар ва устувориву пойдории санъат номид.
Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби шогирдон ва донишҷӯёни факултети санъат суруду оҳангҳои устод Ҷӯрабек Муродов сароида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд