(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургаш»Китоби нави Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) бо номи «Дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургаш»дар ҳаҷми 500 нусха бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Суғд ба нашр расид.
Мураттибони китоб дар дебочаи он аз ҷумла навиштаанд, ки «Таърихи зодгоҳи худро донистани ҳар фард ин шинохти худ бошад. Аз худшиносӣ шуруъ мешавад меҳаншиносӣ ва ватандорӣ. «Ватан сар мешавад аз гаҳвора!»- таъкид кардаанд бузургон». Дар китоб мавзуъҳои ҷолиб аз қабили «Роҳи лоҷувард ва корвони хуҷандиён», «Колмани суғдӣ, яъне хуҷандӣ ё инқилоби вай дар театри Юнон», «Искандари канора», «Ба форсӣ номи некаш «Дилмазанда» ва бузургони дигари ин шаҳр», «Макони илми нуҷум», «Хуҷандиён дар мусофиратҳо хуҷандӣ бимонданд ва бузургтамиз бимонданд», «Чингизиён, Темурмалик ва Хуҷанд», «Парвардаи Хуҷанд-Яъқуббеки бадавлати тоҷик», «Хуҷандие, ки ситораи дурахшони осмони адаб бишуд», «Тирози ҷаҳон», «Хуҷандиён-сарварони зинаҳои олӣ», «Мо ба ақли хуҷандиҳо қоил» ва ғайраҳо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ наившта шудаанд, ки саҳифаҳои тозаи ин шаҳри бостониро таъкид ва бозгӯйӣ менамояд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки нависанда ва кинодраматург Шераки Ориён зодаи вилояти Хатлон буда, муаллифи беш аз 80 китоб ва 40 филм аст, ки  навиштаҳояш бо зиёда аз 40 забони олам тарҷумаву чоп гардидааст. Филмҳояш бо ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ қадршиносӣ шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд