(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Оғози чорабиниҳо дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд

Нахустин чорабинии тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон» дар мактаби навбунёди Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Хонандагони мактаби Президентӣ бо хори умумӣ таҳти унвони «Яктои даврон» чорабиниро ифтитоҳ намуданд. Сипас муҳассилин роҷеъ ба рамзҳои давлатӣ шеърҳо қироат карданд. Аз ҷониби Меҳрафрӯз Маликзода рақси мавзун иҷро карда шуд. Ғолиби озмуни «Ровии беҳтарин» Рухсораи Ҷавоҳир шеъри «Ҷавонӣ»-и Озарахшро бо маҳорати баланди суханварӣ қироат намуд.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд назди ҳозирин баромад намуда, зикр дошт, ки дар мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд чорабинии нахустин дар мавзуъи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ таҳия гардид, ки ин ҷавобан ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумат, хусусан ба хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди чунин муассисаи таълимии замонавӣ мебошад. Оғози чорабиниҳо дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд

Дар оянда низ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо истеъдоду маҳорату ва ихтирооти хеш дар инкишофи кишвари азизамон саҳмгузорӣ менамоянд.
Раъно Ҳошимзода ҳамчунин Паёми шодбодии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ озмунҳои ташкилнамудаи шуъбаи маориф ва бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ карда шуд.
Ҳамин тавр, дар наминатсияи «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон» Меҳроҷ Маҳмудов, хонандаи синфи 10 МТМУ №19, Азиза Муродова,толибаи синфи 10 МТМУҒ «Гулчини маърифат» ва Ҳотамҷон Ҳотамов, хонандаи синфи 10 МТМУ №3 мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.
Дар номиннатсияи «Иншои беҳтарин» дар мавзуъи «Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам», Умеда Раҳматуллоева аз МТМУ №13, Азизахон Хоҷаева аз МТМУ №7 ва Матлуба Пӯлотова аз МТМУ №2 мутаносибан мақомҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд.
Беҳзод Азиззода, аз мактаби «Ирфон», Фарзона Султонова аз МТМУ№19, Ганҷина Бобоҷониён аз МТМУ№11 ва Фараҳноз Маҳмудова (бо забони русӣ) аз гимназияи №13 дар бахши  «Мақолаи беҳтарин» дар мавзуъи «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» ғолиб шуданд.
Дар озмуни «Ровии беҳтарин» Рухсораи Ҷавоҳир, аз МТМУ№21, Гулсара Раҷабова аз МТМУ№16 ва Муҳаммад Раҳмонов аз  литсейи ДДҲБСТ пирӯз гардиданд.
Байни муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар бахши «Китобхонаи беҳтарин» ҷойи аввал насиби гимназияи №4, ҷойи дуюм МТМУ№21 гардид ва мақоми сеюмро МТМУ№27 ба даст оварданд.
Оғози чорабиниҳо дар Мактаби Президентии шаҳри ХуҷандБа ғолибон сипоснома, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар  мешавем, ки чанд рӯз қабл Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд, дар остонаи ҷашни 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  муассисаи нави таълимиро ифтитоҳ намуда,  ба он мақоми мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат доданд.
Муассисаи таълимии мазкур барои 2600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи муосир ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2006 оғоз ёфта, барои сохтмони он бештар аз 25 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчӣ Идораи сохтмонии рақами 1 ва рақами 5 мебошанд. Лоиҳаи муассиса аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғдлоиҳакаш" таҳия гардидааст.
Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар замин сохта шуда, бо системаи гармидиҳӣ, ки тариқи буғхонаи муосир фаъолият мекунад, таъмин аст.
Таълимгоҳ аз 4 бино иборат буда, дорои 33 синфхонаи таълимист. Ҳамзамон муассиса дорои ошхона бо 200 ҷойи нишаст, толори маҷлисӣ бо 200 ҷой, устохонаи таълимӣ, синфхонаҳои инкишофи кӯдакон, утоқҳо барои гузаронидани маҳфилҳо буда, толору майдончаи варзишӣ ҳам бо назардошти меъёрҳои замони муосир сохта шудаанд. Ҳамзамон синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои химия, биология ва компютер пешбинӣ шуда, дар утоқҳои таълимӣ 10 адад тахтаи электронӣ насб гардидааст.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки 80 нафар омӯзгор ва дигар кормандони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар асоси озмун ба кор қабул гардидаанд ва онҳо устодони ботаҷрибаву пешқадаманд.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат хонандагонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз ин шароити муосиру замонавӣ илм омӯхта, дар ҷомеа пешқадам бошанд. Таълимгирандагон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои чунин таълимгоҳи муҷаҳҳазу боҳашамат миннатдорӣ баён намуданд.
Пас аз ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони шаҳри Хуҷанд мулоқот карданд. Сарвари давлат дар назди ҳозирин бо таҳлили амиқи дастовардҳои дирӯзу имрӯзи шаҳр суханронӣ намуда, барои рушду нумуъ ва пешрафти бештари он таклифу пешниҳодҳои асоснок ба миён гузоштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд