(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Омодагӣ ба Рӯзи Парчами миллӣ

Санаи 24 –уми ноябри соли равон  дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Парчами миллӣ бо иштироки сокинони шаҳр, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус қарору нақша-чорабиниҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба тавсиб расидааст.
Тибқи нақша чорабиниҳо қарор аст, ки то баргузории Рӯзи Парчами миллӣ дар донишгоҳҳои мустақари шаҳри Хуҷанд конфронсҳои илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ-рамзи ифтихори миллӣ», мулоқоту вохӯриҳо бо ҳомиёни сохти конститутсионӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, гузаронидани Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуъи  «Эҳтироми рамзҳои давлатӣ-эҳтироми миллат аст» дар кумитаи маҳаллаҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои маорифу тандурустии шаҳр, нашру пахши мақолаву барномаҳо доир ба арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, ташкил ва баргузории озмуни «Иншои беҳтарин»  дар мавзуъи «Парчам-рамзи давлатдории миллист» ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ташкил ва баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва аксияҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар Рӯзи Парчами миллӣ ба назар гирифта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд