(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд:содирот 66,7 дарсад афзудКорхонаҳои саноатии шаҳр имсол ба хориҷи кишвар, хусусан мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба ҳаҷми қариб 190 миллион сомонӣ маҳсулот содир намуданд. Ин нишондоди баланд самари ташаббусҳои Ҳукумати кишвар дар самти рушди истеҳсоли ватанӣ буда, ҳадяи хубест ба Ҷашни 25 - солагии Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Муъминҷон Муҳаммадзода, сардори шуъбаи саноат ва энергетикаи шаҳр, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ, новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, шумораи  корхонаҳои саноатии шаҳр ба 154 ва  ҳаҷми умумии истеҳсол ба зиёда аз 779  миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148, 4 миллион сомонӣ ё 23,5 дарсад  бештар аст. Аз ин миқдор ба андозаи  189,2 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Хуҷанд:содирот 66,7 дарсад афзуд Содироти мол дар ин муддат  назар ба даҳ моҳи соли сипаришуда 66,7 дарсад зиёд аст. Афзоиши шумораи корхонаҳои саноатӣ барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор гузошт.
Ҳамчунин, бо роҳи ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсолот  неруи  барқ сарфа ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ  самаранок гардид. Инчунин, ба ин васила маҳсулоти нави саноатӣ афзуд. Истеҳсоли  маҳсулоти шустушӯии кимиёӣ, ноқилҳои барқӣ, молҳои резинӣ, ранг ва пардозҳои минералӣ,  коркарди санг ва дару тирезаҳои муосир аз силсилаи маҳсулоти нави корхонаҳои истеҳсолии шаҳр маҳсуб меёбанд.  Баҳри  татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи саноати кишвар  аз ҷониби 5 корхонаи истеҳсолии шаҳр  наздики 3200  тонна нахи пахта коркард  шуд, ки  он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта беш аз 1600  тонна зиёд аст.
Гузашта аз ин, дар раванди вусъати корҳои созандагӣ барои навсозии технологияи  корхонаҳои нав  зиёда аз 55,3 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шудааст.  Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо мақсади афзоиши маҳсулоти воридотивазкунанда   дар шаҳр 34 корхона фаъолияти худро ба ин самт равона сохтаанд. 
Таъмини  рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва баланд  бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар заминаи  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат,  пеш  аз ҳама, фароҳам овардани фазои мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоя,  воридоти технологияҳои пешрафтаи замон ва ба ин васила  ташкили  ҷойҳои нави корро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш  қарор додааст, - гуфт Муъминҷон Муҳаммадзода.

Т. САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”