(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дидорбинии иштирокчии Иҷлосияи тақдирсозДар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 25 солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қадршиносии шахсоне, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта  ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми беандозаи худро гузоштанд ва имрӯз низ дар пешрафти соҳаҳаи гуногуни мамлакат кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, чорабиниҳои дидорбиниву табрикотӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
14 ноябри соли равон Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ба хонаи иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳамид Ҷӯраев ташриф оварда, номбурдаро аз номи роҳбарияти олии ҲХДТ бо ин ҷашни бузургу тақдирсози миллат  табрик намуд ва ба ӯ тӯҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро тақдим кард. Абдуҳамид Ҷӯраев аз ҳолатҳои баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ёдварӣ кард ва барои ғамхорӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати дар мадди назар қарор гирифтанаш изҳори миннатдорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Абдуҳамид Ҷураев ҳамчун журналисти варзида имрӯз низ фаъолияти худро идома дода истодааст.