(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷилои нави шаҳри ХуҷандБо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ташаббусҳои созандаи сокинони шаҳр тайи як моҳ аст, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пешоруйи ҷашнҳои бузурги миллат, аз ҷумла 25 солагии Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби шаҳрвандон корҳои ободониву тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр силсилакорҳо анҷом ёфта истодааст. Таровати дигар пайдо намудани хиёбони Исмоили Сомонӣ бо овезаҳои тарғиби худшиносӣ ва обод гардидани шоҳроҳи Истиқлол бо чароғпояҳои муосиру мумфаршкунии роҳҳо исботи гуфтаҳои болоист.
Баҳри дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани ҷашнҳои дар пешистода дар самти тозагию ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунию гулзоркунӣ, чароғонкунӣ, мумфаршкунӣ ва таъмири биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд. Ҷилои нави шаҳри Хуҷанд Баҳри нигаҳдорӣ, ивазкунӣ, барқарорсозӣ ва хизматрасонии чароғҳои кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 825 адад фурӯзонакҳои каммасраф, 8388 метр ноқилҳои барқӣ, 2530 дона чароғҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 7 адад қуттии ҳисобкунак иваз ва насб карда шуданд. Инчунин корҳои ивази лампаҳои каммасрафи торшерҳо дар Майдони шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, дар хиёбони Р.Набиев, маҷмааи Абӯабдуллоҳ Рудакӣ таъмири дюралайтҳо ва ивази лампаҳои светодиодӣ дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, назди Лавҳаи фахрии шаҳрвандон, дар купурӯки «Ҷашнӣ» ва варзишгоҳи «Спартак» ба иҷро расонида шуданд.
Ҳамчунин дар Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ корҳои хобонидани ноқили барқӣ, ранг кардани торшерҳо, таҷзия намудани равшанкунакҳо ба иҷро расонида, 14 адад сутунпояҳо бо 54 адад лампаҳои светодиодии замонавӣ васлу насб карда ба истифода дода шуд».
Ҳамчунин чароғоннамоии роҳҳо  дар хиёбони Р. Ҳоҷиев дар шоҳроҳи то гардиши БДА-и вилоятӣ ба масофаи 1,5км ба миқдори 40 адад сутунпояҳо бо лампаҳои светодиодӣ шинонида шуд ва он мавриди истифода қарор дода шуд. Дар хиёбони 25-солагии Истиқлолият аз БДА-и вилоятӣ то давраи маҳаллаи 8 ба миқдори 43 адад пояҳои оҳанин, кронштейнҳо шинонида шуда, 146 адад равшанкунакҳо насб карда шуд ва ба тӯли 4300 метр кабел хобонида шуд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тамоми кӯчаҳои марказии шаҳр ба пуррагӣ бо тарзи замонавӣ бо чароғакҳои светодиодӣ чароғон карда шуда, ба ҳусни шаҳр таровати тоза бахшидаанд.
Зиёда аз 150 адад банерҳои тарғиботӣ навсозӣ ва ба онҳо мазмуну мӯҳтавои худшиносиву худогоҳи ва тарғиби дастовардҳои давлатдории миллӣ инъикос гардонида шуданд. Интизор меравад, ки 150 банерҳои нави навъи ситиформатҳои замонавӣ  ба хиёбонҳои шаҳр насб карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз аз тарафи қитъа ва муассисаи кабудизоркунии Мақомот ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар кӯчаву хиёбонҳои марказӣ 557 ҳазор гулҳои ороишӣ ва маҳаллӣ,  47,2 ҳазор буттагули садбарг, 68,7 ҳазор адад карнайгул, 107 дона буттагули палма шинонида шуданд. Дарахтони ороишии сояафкан 5827 дона ва гулҳои ороишии навъи карамгул 75132 дона ва виола 12180 дона дона шинонида шуд ва майдонҳои аз нав ташкилшуда барои коштани алафи ҳамешасабз 23470м2 ташкил медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд