(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни андоз: Хонандаи шаҳри Хуҷанд расми беҳтарин офаридДар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» доир гардид.
Дар қисмати расмии чорабинӣ сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон дар мавриди андоз ва андозбандӣ аст. Сипас, дар асоси хулосаҳои ҳайати ҳакамот ғолибон муайян гардиданд.
Дар бахши «Расми беҳтарин» ғолибиятро Аъзам Миркамолов, хонандаи синфи 5, МТМУ№28, шаҳри Хуҷанд ба даст овард. Ҷойи дуюмро Баҳтиёр Юлдошев, хонанда аз ноҳияи Ашт соҳиб шуд. Зевар Ҷумъабоева, хонанда аз шаҳри Бӯстон мақоми сеюмро касб намуд. Дар бахши озмуни «Беҳтарин шеър» Олимхон Аҳроров, хонандаи синфи 9 аз МТМУ №38-и ноҳияи Деваштич  ғолиб дониста шуда, зинаҳои дуюм ва сеюмро хонадагон Зайнабӣ Ғуфрон, хонандаи синфи 10, МТМУ №3, шаҳри Хуҷанд ва Моҳира Ғаффорӣ, хонандаи синфи 10, МТМУ 35, ноҳияи Масчоҳ ишғол намуданд.
Дар бахши «Иншои беҳтарин» ҷойи аввалро Шамсия Мадалиева, хонандаи синфи 9, МТМУ № 7, ноҳияи Ашт ба даст овард. Зинаҳои баъдӣ насиби Ҳабибахон Ҳасанзода, хонандаи синфи 11, МТМУ №12, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Суруш Руҳулло, хонандаи синфи 11, МТМУ№15, шаҳри Панҷакент гардид.
Ҳамчунин барои ширкати фаъолона дар рафти баргузории озмун мактаб-интернати шаҳри Бӯстон, мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят аз ҷониби таъсисдиҳандагони озмун бо проекторҳо қадрдонӣ шуданд.
Ба ғолибону ҷоизадрони озмун дар вазъияти тантанавӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» бори аввал бо иқдоми Раёсати андози вилоят дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилояти Суғд доир гардида, ин чорабинӣ минбаъд ба ҳукми анъана медарояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд