(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Меҳта Пратибха: «Сокинони шаҳри Хуҷанд пурэнерҷӣ ҳастанд»

Хонум Меҳта Пратибха намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон бо намояндагони ҳамоҳангсозони доимии СММ дар доираи сафараш ба шаҳри Хуҷанд ба литсейи физикӣ-математикии ба номи Муҳаммад Осимӣ ташриф оварда, бо хонандагони ин муассисаи номдори маркази вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Хонум Меҳта Пратибха ба хонандагон доир ба Ҳадафҳои Рушди устувор, ки фарогирии 17 Барномаи СММ барои кишварҳои сайёра пешниҳод намудааст, аз ҷумла Барномаҳои «Барҳам задани кабизоатӣ», «Саломатӣ ва некӯаҳволӣ», «Маърифати босифат», «Баробарии гендерӣ», «Оби тоза ва беҳдошт», «Меҳнати сазовор ва рушди иқтисодӣ», «Саноатикунонӣ, иноватсия ва инфросохтор», «Шаҳру маҳаллаҳои устувор» ва ғайра маълумот дода, аз муҳассилин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои ин барномаҳо дар Тоҷикистон бо донишу заковати хеш ҳиссагузорӣ намоянд. Меҳта Пратибха гуфт, ки ҳадаф аз ташрифи эшон шарҳу тафсири 17 барномаҳои муҳими СММ мебошад, ки ин барномаҳо барои рушду тараққиёт пешбинӣ гардидааст. Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон аз Роҳбарияти Ҳукумати кишвар тавсиф намуда, гуфт, ки давоми 20 соли охир сатҳи камбизоатиро аз 80 фисад ба 31 фоизи феълӣ поён фаровардаанд. Эълон шудани Соли 2017 «Соли ҷавонон» ба ин насл имконият  медиҳад, ки фаъолонокӣ зоҳир намуда, баҳру рушду тараққиёти кишварашон саҳм гузоранд.
Хонум Меҳта Пратибха таъкид сохт, ки ҳарчанд бори аввал ба шаҳри Хуҷанд ташриф овардааст, вале қаблан доир ба ин шаҳри бостонӣ маълумот доштааст ва имрӯз бо чашми сар дидааст, ки воқеан ҳам аз шаҳрҳои зеботарину барнотарини Тоҷикистон аст. Ин шаҳри саноатии рушдкарда дар ҳамаи самтҳо муваффақ гардидааст.
«Ман мебинам, ки сокинони шаҳр пурэнерҷӣ ҳастанд ва аз ин лиҳоз шаҳр рӯз аз рӯз гулпӯш ва зебо шуда истодааст. Шаҳри пуртароват аст. Масъулини шаҳрдории Хуҷанд низ дар амалӣ намудани лоиҳаҳои мухталифи СММ фаъол ҳастанд ва дар навбати худ мо низ ояндаи наздик силсилаи зиёди пружаҳоро дар самти рушду тараққиёти ин шаҳри бостонӣ амалӣ хоҳем кард»-гуфт хонум Меҳта Пратибха.
Хонандагон доир ба барномаҳои мухталифи СММ дар Тоҷикистон ва роҳу василаҳои амалишавии он аз Меҳта Пратибха пурсиш ба амал оварда, ҷавобҳои қаноатбахш дарёфтанд. Мубодилаи созандаи афкор сурат гирифт.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд  ташрифи  Меҳта Пратибха намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, омодагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро барои густариши робитаҳои тарафайн иброз дошт.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Меҳта Пратибха намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон бо намояндагони ҳамоҳангсозони доимии СММ дар доираи сафараш ба шаҳри Хуҷанд аз мавзеъҳои таърихии маркази вилояти Суғд, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» боздид ба амал оварда, таасуроти нек бардоштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд