(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Саҳифаи заррини таърихи тоҷикон

Ба ифтихори 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи  тақдирсози ХY1 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- саҳифаи заррини таърихи тоҷикон» баргузор гардид. Дар кори конференсия раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, вакилони иҷлосия, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадорони меҳнат, фаъолон, устодони донишгоҳҳои олӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни маърӯзаи худ таъкид дошт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро рӯи кор оварда шуд ва барои ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт. Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар ҷомеа андешаи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ зарурати қабули Конститутсияи нави кишвар ба миён омад.
Раиси шаҳр зикр намуд, ки Иҷлосияи 16-ум дар саҳифаҳои таърихи кишвари ҷавони соҳибистиқлол давраи нав ба шумор мерафт. Зеро  барои таъмини сулҳ ва барқарор намудани инфрасохтори давлат дар Иҷлосия дар маҷмӯъ 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозиданд. Як дастоварди бузурги иҷтимоии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд. Ба даст овардани сулҳ ва таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ дар кишвар аз чанд омилҳо вобастагии зич дошт. Раванди ба даст овардани истиқлолияти воқеии мамлакат хеле мушкил гузашт ва ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил гардид. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад ва умед ба фардои нек бисёр заиф гардида буд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода аз нақши таърихии Иҷлосия дар фароҳам овардани сулҳу суббот дар ҷомеа ҳарф зада баён дошт, ки  агар хиради воло, ҳамдилии вакилон, ризоатмандии тарафҳои муқобил намебуд, мо имрӯз сулҳу тинҷиро намедидем. Ва суханҳои боҳарорат, даъват ба зиндагии ростин ва ниҳоят масъулиятнокии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки мо ба чунин рӯзи фирӯз расидем.
Иштирокчиёни фаъоли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Ғаффорхон Муҳиддинов ва Бойпоччо Фатҳиддинов зимни баромади хеш аз зарурати баргузории Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд ибрози ақида намуда, гуфтанд, ки он замон вакил интихоб шудан рисолати азимеро бар дӯш гирифтан буд, ки мо онро ҳар лаҳза эҳсос мекардем.Чун нооромиҳо дар кишварамон сар зад, аксаран гуноҳро бар сари вакилон таҳмил карданӣ шуданд. Таъқибу фишорварӣ ба авҷаш расид. Ҳатто ҳамкоронамон ба хотири амниятам таклиф ҳам карданд, ки ба ҷойи кор ҳозир нашавем. Дар он лаҳзаҳои ҳассос натанҳо мо, балки дигар вакилон ҳам бо як нерӯву қувва кори иҷлосияро идома доданд. Дар кори иҷлосия яке аз фаъолтарин вакилон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буданд. Он кас дар такя бо далелу фактҳои ҷолиб пешниҳодҳои хубе медоданд. Суханҳои баҳарорат, масъулиятнокиашон куллан аз дигарон фарқ мекард. Аз ҳар баромадҳояшон дар ҷаласаҳо эҳсос мешуд, ки номбурда бештар аз дигарон барои ин миллату халқ месӯзанд. Ва мо дуруст ҳам кардем, ки тақдири ин миллатро бар дӯши роҳбари ҷасуру иродатманд супоридем.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод дар баромади хеш аз вазъи ногувори солҳои навадум ва руҳияи адибон сухан ронда, афзуд, ки ноамниҳо реша ба илҳоми шоирони нависандагон зада буд. Қаҳрамонию бебокии ин марди ҷасур дубора илҳомбахши адибон гардид ва имрӯз шумораи адибони ваҳдатсаро ба маротиб боло рафт.
Раиси созмони ҷавонони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Ҷамшед Масаидов зимни маърӯзаи хеш қайд кард, ки таҷлили умумимиллии 25- солагии Иҷлосия ба соле рост омадааст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- Соли ҷавонон эълон гардидааст. Ин иқдоми Сарвари давлат мо, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки аз нақши таърихии ин иҷлосия бештар огоҳ бошем ва қадру  арзишҳои онро хубтар дарк намоем. Мо, ҷавонони даврони истиқлол ва ҳамқадами ин дастоварди бузург мебошем. Ва хуб ҳам дарк мекунем, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати  Тоҷикистон барои мо ҷавонон роҳи азими таҳсилу корро кушодааст. Дар амал ҷоришавии даҳҳо барномаву стратегияҳо, бунёди беш аз 26 муассисаи олӣ, раҳ кушодан ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, ифтитоҳи майдончаю толорҳои варзишӣ,  таъсиси квотаҳо, грантҳо ин ҳама аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари хирадманди мо маҳсуб мешавад.
Дар фароварди кори конференсия Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бобати худшиносии миллӣ, қадр ва арзишҳои Иҷлосияи 16-ум байни аҳолӣ бештар бошанд ва сулҳу ободкориҳоро шеваи кори худ гардонанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд