(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мактаби сарварӣ: «Ҳусни инсон дар одоб аст»

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машғулияти навбатии курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ” баргузор гардид. Ба омӯзандагони курси мазкур аъзои Шӯрои фаъолзанони шаҳри Хуҷанд Мастура Темурова  дар мавзуъи «Ҳусни инсон дар одоб аст» машғулият гузаронд.
Маърӯзагузор таъкид сохт, ки одоб ин гуфтор, рафтор, кирдори нек аст. Инсон ба воситаи амалҳои некаш одоби хешро ифшо месозад. Барои он, ки зиндагиро ҳусн бахшем, онро пеш аз ҳама дӯст дошта бошем, яъне мухлиси зиндагӣ бошем. Ҳусну адаби инсон, шарму ҳаё аст, одоби хамида аст. Он шахсе, ки шарму ҳаё дорад, вай вафо дорад. Барои хизматчии давлатӣ, ашхоси мансабдор будани ҳусни одоби накӯ шарти муҳим аст. Ёдовар мешавем, ки як моҳ инҷониб бо иқдоми шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ”- ро бо фарогирии 20 нафар ҷавонзанону духтарони корхонаю ташкилотҳо соҳаҳои гуногун маориф, тандурустӣ роҳандозӣ гардида, баъди хатм шунавандагон “Гувоҳнома” тақдим карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, амалӣ карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд