(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дастоварди «Ношир» дар намоишгоҳи байналмилалии китобАз санаи 25 то 27 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии китоб бо иштироки ноширони зиёда аз 10 кишвари олам баргузор гардид. Дар канори дигар ноширони ватаниву хориҷӣ дар ин намоишгоҳ маҳсулоти чопии хешро нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд низ пешниҳод намуд. Аз ҷумла, тозатарин осори нашрии ин интишорот китобҳои «Пешвои миллат ва сиёсати забон», «Куллиёт»-и осори Аскар Ҳаким, «Масҷидҳои Хуҷанд»-и Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, «Осори мунтахаб»-и Усмон Олим, «Родмарди милитсияи тоҷик»-и Усмонҷон Ғафуров, «Таърихи халқи тоҷик»-и Назирҷон Турсунов, «Султони авранги сухан»-и Нуралӣ Нурзод, инчунин шумораҳои мухталифи фаслномаи «Камоли Хуҷандӣ», маҷаллаи «Паёми Суғд» ва  амсоли ин ҳамчун ҳосили корҳои чопии ин нашриёти маъруф дар намоишгоҳи мазкур манзури аҳли китоб ва ҳаводорони адабиёт ва фарҳанги миллӣ гардиданд. Тибқи барнома дар доираи баргузории намоишгоҳи байналмилалии китоби «Душанбе», ки имсол бори ҳафтум аст доир мешавад, маҳфили шеъру суруд бо иштироки аҳли ҳунар, конфронси илмӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳалталаби табъу нашр ва китобхонаҳо дар замони рушди технологияи муосир», озмуни «Шоҳномахонӣ» миёни хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватаниву хориҷӣ, боздид аз чопхонаи муосири «Ганҷ – нашриёт»-и шаҳри Душанбе, вохӯрии иштирокчиёни намоишгоҳ бо Вазири фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин баргузор гардиданд. Дар канори ин, миёни ноширон ва муассисаҳои нашриявӣ, инчунин мубаллиғони китоб ва  муаллифони сермаҳсул озмун дар се бахш: «Ношири муваффақ», «Таблиғгари беҳтарини китоб», «Муаллифи сермаҳсул» доир гардид. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар бахши «Ношири муваффақ» нашриёти  «Ношир» барои чопи босифати китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон» сазовори мақоми савум ва дипломи намоишгоҳ гардид. Дар баробари ин, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷиҳати иштироки фаъолона дар кори намоишгоҳ низ нашриёт бо диплом сарфароз гардид. Ин дастовардҳо аз он дарак медиҳанд, ки имрӯз сатҳи сифати чопи осор ва маводи дигар дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд ҷавобгӯи меъёрҳои замони муосир буда, аз ҷониби ноширони ватаниву хориҷӣ сазовори баҳои баланд гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд