(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз- харитакаш, ҷуғрофишинос ва сайёҳДар толори пазироии Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ бахшида ба таҷлили 175-солагии Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз- харитакаш, ҷуғрофишинос ва сайёҳ баргузор гардид.
М. Файзуллоев, номзади илмҳои таърихи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи: “Ҳаёт ва фаъолияти илмӣ ва эҷодии Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз”, И.Мирзоева, мудири шӯъбаи оммавӣ- фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар мавзӯи: “Таърихи офариниши курраи арзи Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз дар Осорхонаи таърихӣ ва моҳияти тарбиявии он” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин И. Усмонова, мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Ф.Мамадалиев, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни кори конфронс олимон ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, омӯзгорони фаннҳои таърих ва ҷуғрофияи муассисаҳоти таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд, намояндагони муассисаҳои илмӣ – фарҳангии вилоят , ВАО ва кормандони МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” фаъолона иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории конфронси илмӣ бахшида ба таҷлили 175-солагии Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёз- харитакаш, ҷуғрофишинос ва сайёҳ  ин қабл аз ҳама гиромидошти муаррихони маъруфи халқ ва баланд бардоштани сатҳи маънавӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳтирому ҳифзи мероси ниёгон мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд