(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баргузории гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-румӣ дар Хуҷанд

Санаҳои 27-28-уми октябри соли 2017 бахшида ба Соли 2017-соли ҷавонон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-румӣ байни ҷавонон баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 80 нафар гӯштингирони хориҷи дуру наздик иштирок намоянд. Мусобиқа аз руйи меъёрҳои байналхалқӣ гузаронида шуда, аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ дар он ширкат меварзанд. Ғолибон бо ҷоиза ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд