(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Сипосномаи сокинони маҳаллаи Темурмалик ба Раиси шаҳр

Ба унвонии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз номи сокинони маҳаллаи Темурмалики микроноҳияи 3-юми шаҳр Сипоснома расидааст, ки мардуми маҳалла аз сиёсати ободониву созандагӣ ва дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободиву шукуфоии шаҳри Хуҷанд, сабзу хуррам шудани минтақаи зисташон, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо, фаъолнокии хатсайрҳо, таъмини иҷтимоиёту фароҳамоварии зиндагии шоистаашон истиқбол намудаанд.
Дар Сипосномаи мазкур аз ҷумла омадааст: «Тайи чанд соли охир садҳо гектар заминҳо барои беҳдошти вазъи иҷтимоии сокинон ҷудо карда шуд. Сокинони шаҳри Хуҷанд, ки солҳои зиёд интизори гирфтани замин буданд, аз ин ғамхорӣ бенасиб намонданд. Имрӯз доманаи кӯҳи Мевағул, дашти ободу сарсабзи Сайҳун ба шарафоти дастгирии давлат ва Ҳукумат обод гардида истодааст. Мо бошандагони маҳаллаи Темурмалики микроноҳияи 3-юми шаҳр солҳои зиёд аз сабаби дурии роҳ, норасогии оби нӯшокӣ заҳмат мекашидем. Ба шарофати обод шудани маҳаллаҳои нав дар шафати микроноҳия имрӯз дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, рафтуои шаҳрвандон тавассути хатсайрҳои 27, 3, 115 хеле беҳтар шудааст. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр насби ҳисобкунанкҳои рақамӣ дар микроноҳияи 3-юм ва маҳаллаҳои нав ба роҳ монда шудааст. Бо истифода аз фурсат миннатдори сокинонро ба  Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва ба шумо Раиси мӯҳтарам барои дастгириву ра раҳнамоӣ ва нишони таваҷҷуҳ мерасонем».
Муаллифони Сипоснома дар охири матлабашон навиштаанд, ки «Дар ҷавоб ба ин ғамхорию дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мо минбаъд кӯшиш менамоем, ки бо меҳнати созандаю бунёдкоронаи хеш барои ободии диёр сайъ варзем».

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд