(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Рӯзи шаҳр 6 нафар тифл ба дунё омадДирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз таваллудхонаи шаҳрӣ боздид намуда, ба 6 нафар кӯдаконе, ки дар Рӯзи шаҳр таваллуд шудаанд, маблағҳои пулӣ тақдим намуд.
Ҳамин тавр, Умеда Ахмедова, Бишарифа Қобилшехова, Дилбар Азимҷонова, Муҳиба Ҳомидова, Маҳина Бурҳонова ва Муҳибахон Умарова аз ҷумлаи модарони хушбахт буданд, ки маҳз дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд фарзанд ба дунё оварданд, эшон аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода бархӯрдор гардиданд.
Маъруф Муҳаммадзода аз вазъи саломатии кӯдакон ошноӣ пайдо намуда, ба модарон тавсия кард, ки барои тифлон номҳои асили тоҷикӣ ва ашхоси шӯҳратёру таърии шаҳри бостонии Хуҷандро гузоранд. Ин иқдоми шаҳрдорӣ, яъне аёдати кӯдакони дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, бори аввал буда, аз ҷониби модарони эшон истиқболи гарм пайдо намуд.
Муҳиба Ҳомидоваи 20 сола, истқоматкунандаи кӯчаи Боғистони шаҳри Хуҷанд аз ин амали хайри Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба ваҷд омада гуфт, ки «Хабари ташрифи шаҳрдорро шунида ба ҳаяҷон омадам ва ин рӯйдоди таърихӣ буда, дар оянда барои духтарчаам мояи ифтихор байни ҳамсолонаш шуда метавонад. Миннатдории самимонаи хешро ба роҳбарияти шаҳр мерасонам».
Бояд қайд намуд, ки дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд 4 духтарча ва 2 писарча таваллуд шудаанд, ки аз 2 килою 300 грамм то 3 килою 500 грамм вазн доштанд. Модарони 5 нафари онҳо бори аввал таваллуд намудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд