(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Обуна ба «Тирози ҷаҳон» идома дорадДӯстону хонандагони азиз! 25 сол аст, ки нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” бо Шумо ҳамқадаму ҳамнафас буда, нури маърифату адаб, муҳаббату садоқатро барои Шумо, хонандагони азизаш эҳдо мекунад. Бисту панҷ сол аст, ки “Тирози ҷаҳон” чун ёри вафодору содиқ пайваста навиду ахбори шаҳри бостониро инъикос месозад, аз зиндагиномаи ашхоси фарзонаву сарбаландаш ҳикоят мекунад, чароuи илму маърифатро дар дилҳо фурӯзон месозад. Ба як маънӣ “Тирози ҷаҳон” узви оилаи ҳар як сокини шаҳри бостонии Хуҷанд аст.
Рӯзномаи дӯстдоштаи Шумо бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, олимону адибон, рӯзноманигорони соҳибқалам аз соли нави 2018 аз лиҳози мазмуну мундариҷа бою рангин ва аз ҳама муҳимаш дар инъикоси зиндагиву фаъолияти сокинони шаҳр бештар таваҷҷӯҳ месозад. Аз ин рӯ, рӯзнома барои иртиботи доимӣ доштан бо сокинон, бо қарори Раиси шаҳр, муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода барои соли 2018-ум маъракаи ОБУНА муташаккилона идома дорад. Обуна ба нашрия барои як соли пурра қабул мегардад ва нархаш 100 (сад) сомонӣ буда, дар нуқтаи қабули Департаменти почтаи вилоят ва идораи нашрияи «Тирози ҷаҳон» сурат мегирад.
Бо “Тирози ҷаҳон” зиндагии Шумо рангинтар ва пурмазмун хоҳад шуд.