(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамдиёрони азиз!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории руҳияи ватандӯстии шаҳрвандони худ ёди таърихро омили муҳим мешуморад. Ватандӯстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо, ҳазорсолаҳо рафта мерасад. Аз ифтихор бо Ватан олитар, шарифтар, бузургу қавитар ифтихор нест.
Даврони Истиқлолият ин замони зуҳури навгониҳои фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба  мақоми бузургон, дарки мафҳуми худшиносии миллӣ ва бо афкори башардӯстонаи дунё пайвастани афкори мо тоҷикон гардид.
Бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири ҷомеаи мо ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят мешавад. Ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маҷмӯъ хазинаи гаронмояи адабиёт аст. Шеър барои Рӯдакӣ василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии ӯро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рӯдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо эҷоди ашъори худ қудрату ғановатмандии забони тоҷикӣ - форсиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ӯ зебову ғанист.
Рӯдакӣ суханварест, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги шоирон эътироф шудааст. ӯро муосиронаш ҳангоми дар ҳаёт буданаш чун пешвои аҳли адаб шинохтанд. Унвонҳои қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далел мебошанд.
Устод Рӯдакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолияти фидокорона дар устувор гардидан ва такомулу тараққӣ додани назми форсизабонон сазовор гардидааст.
Ҳамин хизмати шоёни устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22-сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ» таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ, рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрӯзаи тоҷикон ва ифтихори шоён дониста мешавад.
Дар ин замина, барои ҳар сокини шаҳри Хуҷанд бахусус, насли наврасу ҷавон, ворисони арзандаи Оли Сомон Рӯдакии бузург маҳсуб мешавад, зарур аст, ки бо баҳрамандӣ аз шарафу эътибори аҷдодонамон, мароми созандагиву бунёдкориҳо, ободониву эҷодкориҳо вусъат ва таҳким ёбад.
Баргузории Рӯзи Рӯдакӣ моро ба асли хеш, бо нахустин давлати миллиамон – давлати Сомониён, бо андешаҳои воло ва ҷовидонаи Исмоили Сомонӣ ва дигар шоҳони адолатпешаву фарҳангдӯсти ин давлати бузург ба таври ногусастанӣ мепайвандад.
Агар Исмоили Сомонӣ кишвари бузургеро барпо карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо каломи зебову шевояш олами дилҳоро тасхир ва ҷаҳони маънавиятро ривоҷ додааст.
Рӯдакӣ ифтихори миллӣ ва боиси сарбаландии мо мебошад.
Боварӣ дорам, ки ин Рӯзи фараҳбахш ба хештаншиносию ватанпарастии насли имрӯзу ояндаи тоҷик мусоидат мекунад.
Рӯзи Шеъру Шоир муборак, ҳамдиёрони азиз!