(0 овоз, миёна 0 аз 5)

300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣМумфаршкунии  кӯчаҳо

Корҳои ободониву созандагӣ аз қадим мароми миллати тоҷик буд, ҳаст ва хоҳад монд. Эълон гардидани 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳр бо иқдоми наҷиби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов исботи гуфтаҳои болост. Ин ташаббусро сокинони кӯчаҳои ба номи Содирхон Ҳофиз ва Таги садаи маҳаллаи ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд якдилона дастгирӣ намуда, кӯчаҳои номбурдаро, ки масофаи 1000 метр (як километр)-ро дарбар мегирад, бо қувваи хеш мумфарш намуданд.

Дар рӯзи ҳашари мумфаршкунӣ Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов иштирок карда, барои чунин иқдоми нек ба сокинони маҳалла арзи сипос намуд ва ин амалро намунаи олии ватандӯстиву меҳанпарастӣ номид.

Раиси маҳалла Абдураззоқ Яҳёев зимни мусоҳиба қайд кард, ки ин амали хайр аслан ду-се моҳ қабл оғоз гардида, сокинон нахуст кӯчаҳоро ҳамвор ва ба асфалтхобонӣ омода намуданд. Феълан дар ин кӯчаҳо наздик якуним ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Воқеан, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ба анҷом расонидани чунин корҳои хайру наҷиб шоёни аҳсанту арҷгузорист.