(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нишати матбуотӣ бо Раиси вилоятПосухҳо қаноатбахш буданд

Рӯзи гузашта, 19-уми июли соли 2013 тибқи амру супориши Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти матбуотӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода доир гардид. Он аз рӯи натиҷаҳои хоҷагии халқи вилоят дар шаш моҳи сипарии соли 2013-ум гузаронида шуд. Дар нишаст хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мекунанд, иштирок доштанд. Мудири шӯъбаи иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилоят Илҳом Ҷамолов нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуд.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар бораи дастовардҳои муҳимтарини хоҷагии халқи вилоят дар ин давра ва фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шӯъбаю сохторҳои он гузориши мухтасар дод.

Зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои асосии хоҷагии халқи вилоят хубанд. Пеш аз ҳама, нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар шаш моҳи соли равон ба

андозаи 109,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 458,8 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 113 миллион сомонӣ зиёд аст. Раиси вилоят нишондиҳандаҳои беҳтарини соҳоти мухталифи хоҷагии халқро баён намуда, гуфт, ки маблағҳои аз ҳисоби барзиёдиҷрошавии нақша воридгардида танҳо бо мақсади ободонӣ ва созандагӣ масраф карда мешаванд.

 

Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, аз гузориши корҳо дар ҷабҳаҳои саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, сохтмони асосӣ, нақлиёту алоқа, нигаҳдории тандурустӣ, маориф, рушду нумӯи варзиш ва ғайра сухан ронд.

Сипас, байни Раиси вилоят ва рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ, ки дар қаламрави вилоят фаъолият доранд, саволу ҷавоб ба вуқӯъ пайваст.

Нишаcти матбуотӣ бо Раиси вилоят

Хабарнигорон Ҷовиди Аштӣ («Ҷумҳурият»), Додохони Эгамзод («Саломат бошед!»), Маъмури Юсуфзод («Меҳри замин»), Акрам Ӯрунов (ШТР «СМ-1»), Ҳусейн Нарзулло («Садои мардум»), Сайфулло Маҳкамов («Корвони умед»), Эргаш Сулаймонов («Бизнес и политика»), Дилошӯб Орифзода («Озодагон»), Фирӯза Мирҷумъаева (ТВ «Диёр»), Маҳмудҷон Дадобоев («Имрӯз-Нюс»), Абдувосит Салимзода (радиои «Хуросон»), Хайрулло Мирсаидов («Азия-плюс»), Исломҷон Бобоев («Тирози ҷаҳон»), Маҳмудҷон Ҳусейнзода («Хуҷанд»), Мавлуда Рофиева (оҷонсии «Азия -плюс») ва дигарон дар мавзӯъҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саволҳо пешниҳод намуданд. Раиси вилоят ба ҳамаи саволҳо посухҳои қаноатбахш дод.

Дар фарҷом Қоҳир Расулзода ба рӯзноманигорон барои ҳамкорӣ дар пешбурди ҷомеа, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ изҳори миннатдорӣ кард.