(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нишасти матбуотӣНишондиҳанда назаррас, сухан бо эътимод

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо иштироки муовини Раиси вилоят Мубинҷон Қаюмов барои кормандони воситаҳои ахбори умуми шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир намуд. Мавзӯи асосӣ самараи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешбурди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳр мебошад. Ба гуфти Раиси шаҳр дар нимаи аввали соли 2013-ум аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришоти Сарвари давлат дар самти суръатбахшӣ ба истеҳсолоти саноатӣ, таъмини тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ тадбирҳои муҳим дар амал татбиқ карда шуданд.

 

Намояндагони воситаҳои ахбори омма эҳсос карданд, ки Раҷаббой Каримов рӯҳбаландона сухан мекунад. Зеро, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташрифи чанде Нишасти матбуотӣпешинашон ба натиҷаи фаъолияти коркунони саноат, сохтмон ва соҳаи хизматрасонӣ баҳои баланд доданд. Ба назари мо, агарчӣ ин баҳо маънои супоришоти навро дорад, ҷомеаҳои меҳнатӣ имрӯз низ дар қайди рӯҳияи баланд ҳастанд. Ҳаҷми маҳсулоти саноатии шаҳри Хуҷанд нисбат ба ҳаҷми маҳсулоти саноати  вилоят 10,5 фоизро ташкил медиҳад.

Бо назардошти он, ки хабарнигорон ба нишаст бо саволҳои мушаххас омаданд, Раиси шаҳр ба саволҳои ҳар яки онҳо ҷавоб гуфт.

Ҷовиди Аштӣ, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мешавад. Корхонаҳо музди маоши коргарро зиёд кардаанд.  Оё корхонае ҳаст, ки музди меҳнати коргаронро надодаааст?

Ҳа, танҳо «Вт-Силк» аз коргарон ба ҳаҷми 55 ҳазор сомонӣ қарз дошт. Қарз дирӯз ба тамом пардохта шуд. Содиркунии маҳсулот меафзояд. Ба маҳсулоти корхонаҳои шаҳри Хуҷанд таваҷҷӯҳи Ҷумҳурии Қазоқистон зиёд аст. Акнун ба шаҳри Шимкент аз Хуҷанд қубурҳои гуногунҳаҷми пластикӣ мебаранд.  Қирғизистон низ толиби маҳсулоти корхонаи «Старпласт» аст. Ҳозир гуфтугӯ рафта истодааст. Ба дигар давлатҳо маҳсулоти корхонаҳои консервбарорӣ ҳам фиристода хоҳанд шуд.

Маъмури Юсуфзод, хабарнигори нашрияи «Меҳри замин»

–Соҳибкорон ҳангоми бунёди махозин, ошхона ё сехҳои хурд роҳи пиёдагардонро қисман банд мекунанд. Аз ин рӯ, гашти мардуми пиёда халал меёбад. Занон аробачаи кӯдакдорро бо душворӣ аз як ҷой ба ҷои дигар мебаранд. Оё ин масъала ҳам мавриди назар мешавад?

Оё дар шаҳр биноҳои истиқоматии бисёрошёна месозанд?

Мо ин масъаларо фаромӯш намекунем. Дар ҳақиқат баъзе нафарон заминро худсарона гирифта, сохтмон мекунанд, бехабар аз он, ки дар шаҳр нақшаи кулли шаҳрсозӣ амал дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо назорати прокурорӣ ба тафтиш мебароянд. Сохтмони худсарона ё бенақшаро дар чорчӯбаи қонун месанҷанд. Агар зарур бошад, замин ба ҳолати аввалааш оварда мешавад.

Мо барои идораи сохтмони асосии вилоят замин ҷудо кардем. Он як хона бо 62 квартира месозад. Бонкҳо низ хонаҳои баландошён месозанд ва онҳо ба тариқи ипотека ба оилаҳои эҳтиёҷманд дода мешаванд.

Нишасти матбуотӣҲамин тавр, хабарнигори рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Тавҳида Ҷӯраева, хабарнигори радиои «Озодӣ» Маъсуми Бобораҷаб, корманди ҳафтавори «Сухани халқ» Моҳира Раҳимзода, хабарнигори рӯзномаи «Народная газета» Тилав Расулзода, хабарнигори «Азия-плюс» Мавлуда Рофиева, хабарнигори телевизиони «Азия» Мӯниса Атаева, сармуҳаррири рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» Исломҷон Бобоев, хабарнигори «ТВ Суғд» Гулчеҳра Муҳиддинова, корманди маҷаллаи «Ноҳид» Муслима Раҳимова, хабарнигори «СМ-1» Мафтуна Раҳматова низ бо саволҳои худ ба Раиси шаҳр муроҷиат карданд ва ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.