(2 овоз, миёна 2.00 аз 5)

Мусобиқаи футбол ба хотири варзишгари номӣ оғоз ёфтБо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Мактаби варзишии №1”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол байни соли таваллудашон 2004-2005 ба хотири гиромидошти варзишгари номӣ, се карат ҷоизадори Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол Ғайбулло Ботуров баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Бахтиёр Исматҷонов ва собиқадорони варзиш иштирок доштанд. Дар мусобиқа 8 дастаи варзишгарони наврас ширкат дошта, он то санаи 24 июли соли равон идома хоҳад ёфт.
Ботуров Ғайбулло 4 июни соли 1934 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфта, соли 1953 - 1957 дар шаҳри Маскав институти тарбияи ҷисмониро хатм кардаанд. Ҷоизадори Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболро  солҳои 1958, 1961 ва 1967 дар  ҳайати  дастаи “ЛГПИ” (ДДХ ба номи ак. Б Ғафуров) ба номи Киров ноил гаштаанд. Аз соли 1966 то соли 1971 декани факултаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Ленинобод фаъолият кард. Аз соли 1971 то 1980 Раиси кумитаи тарбияи ҷисмони ва варзиши вилояти Ленинобод фаъолият карданд. Аз соли 1981 то 1986 завкафедраи тарбияи ҷисмонии “ЛГПИ” ба номи Киров фаъолият карданд. Аз соли 1987 ба нафақаи меҳнати баромадаанд. Дар тӯли фаъолияти кориашон мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфароз гардидаанд.
Ба ғолибон мукофоти таъсиснамудаи кумитаи тадорукот ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида мешавад.